Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо чист?
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ин ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст, мебошад. Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо кафолати ҷуброни амонату пасандозҳоро таъмин менамояд. Ҳадафи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – мусоидат ба нигоҳдории суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад. Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” танзим карда мешавад.
Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд. Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд, инчунин дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.
Мақсадҳои Хазина аз инҳо иборатанд:
- Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
- Таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумот барои тамос:
• Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, кӯч.Маяковский 77/2
• Сомонаи Хазина: www.idif.tj
• Телефон барои тамос: +992 44 600-32-45
• Суроғаи электронӣ: info@idif.tj
Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғуртавии Хазина 
Амонату пасандозҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” (Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” аз 15.03.2023с., №1961) ба пасандоздорон – шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дохил мешаванд.
Амонату пасандозҳои пасандоздорон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок ё дар кортҳои бонкии ташкилоти қарзӣ гузошта шудаанд ва бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд, объекти ҳатмии суғурта мебошанд.
Дар баробари ин, ба объекти ҳатмии суғурта инҳо дохил намешаванд:
• ҳисобҳои металлии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
• маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дар қуттиҳои сейфии бонкӣ гузошташуда;
• сертификатҳои бонкӣ;
• суратҳисобҳои амонату пасандозии шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;
• суратҳисобҳои амонату пасандозии дар ташкилотҳои қарзии исломӣ кушодашуда;
• маблағҳои электронӣ;
• суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки ҳуқуқ ба онҳо ба шахсони дигар дар асоси шартномаи берун аз ташкилоти қарзӣ басташуда дода мешавад;
• суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки дорандаи ҳуқуқи ихтиёрдории он дар ташкилоти қарзӣ муайян нест
Суғуртаи пасандозҳо барои пасандоздорон пурра ройгон мебошад ва шартномаи махсуси суғуртаро талаб намекунад – тамоми хароҷоту чорабиниҳо ба уҳдаи худи ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина монда шудааст. Маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон ба таври автоматӣ суғурта шуда, дар сурати фарорасии ҳолати суғуртавӣ ҷуброни пули он аз ҷониби Хазина пардохт карда мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ доранд.
Ҳолати суғуртавӣ чист?
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
Андозаи ҷубронпулии суғурта
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ба пасандоздорон маблағи пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ суғурташударо дар доираи андозаи бо қонун муқарраркардаи ҷубронпулӣ пардохт менамояд*.
Мутобиқи Қонун андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 сомонӣ мебошад. Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад:
– Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз 35 000 сомонӣ пардохт карда мешавад;
– Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад. Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
* – Эзоҳ: Агар маблағи пасандоздор аз андозаи ҷуброни суғурта зиёд бошад, пас дар ин ҳолат боқимондаи маблағи пасандозҳо аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда, пардохт карда мешавад. 
Тартиби пардохти ҷубронпулии суғурта
Пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина оиди ҷой, вақт, тартиби қабули дархостҳо ва бонк-агенти Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои Хазина дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон интишор менамояд. Эълон инчунин дар даромадгоҳи бинои бонк-агент ва ташкилоти қарзии барҳамдодашуда ҷойгир карда мешавад.
Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, на бештар аз 35 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохта мешавад.
Тартиби гирифтани ҷубронпулии суғурта ҳаддалимкон содда аст. Барои гирифтани ҷубронпулӣ пасандоздор (аризадиҳанда) ё намояндаи вай бояд ба бонк-агент муроҷиат кунад ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
• Ариза оид ба пардохти ҷубронпулии суғурта дар шакли муқарраршуда. Нусхаи аризаро дар бонк-агент дастрас ва пур кардан мумкин аст (одатан бонк-агент шакли электронии аризаи пуркардашударо ба пасандоздор барои имзо пешниҳод менамояд);
• Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти пасандоздор;
• Рақами мушаххаси андозсупоранда;
• Шартномаи пасандози бонкӣ;
• Ваколатнома, агар аз номи пасандоздор намояндаи қонунӣ муроҷиат намояд.
Дар сурати тағйир додани насаб, ном ё номи падар, аризадиҳанда бояд ба бонк-агент шаҳодатномаи тағйири насаб, ном ё номи падар ё шаҳодатномаи ақди никоҳи, ки аз ҷониби идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шудааст, пешниҳод кунад. Пасандоздороне, ки имконияти шахсан ба бонк-агент омаданро надоранд, метавонанд ба намояндаи худ супориш диҳанд, ки аз номи онҳо дар асоси ваколатномаи аз ҷониби идораи нотариалӣ додашуда, ариза пешниҳод намоянд. Дар бонк-агент намояндаи пасандоздор бояд бо худ ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошад.
Маълумот барои пасандоздорон
1. Ташкилоти қарзиеро, ки дар он мехоҳед амонату пасандоз гузоред озмуда бароед. Боварӣ ҳосил намоед, ки ташкилоти қарзие, ки дар он Шумо мехоҳед суратҳисоб кушода, амонату пасандоз гузоред, узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мебошад ва дорои Тасдиқномаи узвият дар Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аст. Барои ин Шумо метавонед ба суроғаи мазкури сомонаи расмии Хазина ворид шавед ва ташкилотҳои қарзиро дар рӯйхати иштирокчиён пайдо кунед.
2. Маълумоти шартномаи пасандозиро аз назар гузаронед. Бо диққат бинед, ки ному насаб, маълумоти шиноснома, РМА, суроға ва рақами телефон дар шартномаи пасандозӣ дуруст дарҷ гардидааст ва ҳамеша ба ташкилоти қарзӣ оиди тағйиротҳои ба амал омада маълумот диҳед, то ин ки ҳангоми пардохти ҷубронпулии суғурта бо Шумо бо осонӣ тамос гиранд. Аз ташкилоти қарзӣ оиди суғурта шудани амонату пасандозҳои худ дар Хазина маълумот дархост намоед.
3. Дар хотир гиред, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:
– пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
– пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
– пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
– пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
– пасандозҳои шахсоне, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
– пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
– пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ.
– пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.
4. Хавотир нашавед ва дар хотир доред. Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта кадом вақте, ки ба Шумо муносиб аст муроҷиат намоед – барои ин як сол доред. Агар имконият бошад рӯзи аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб накунед – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:
– агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;
– дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.

Скачайте DC Next

Оплачивайте налоги, государственные и таможенные пошлины, а также коммунальные и 250+ других услуг в два клика