Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, кӯч.Маяковский 77/2
Сомонаи Хазина: www.idif.tj
Телефон барои тамос: : +992 44 600-32-45
Суроғаи электронӣ: info@idif.tj
Пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври автоматикӣ суғурта карда мешаванд ва аз ҷониби пасандоздор шартномаи суғуртаро талаб намекунад. Объекти суғурта пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва хориҷӣ мебошад, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд.
Пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзӣ
Пасандоздор ҳуқуқ дорад;
пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
Пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
Пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
Пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
Пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
Пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
Пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
Пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
Пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ;
- бо пули миллӣ на зиёда аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 000 сомони;
- бо асъори хориҷӣ на зиёда аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 21 000 сомони;
Ариза дар шакли муқарраршуда (ба пасандоздор дар бонк-агент пешниҳод мегардад);
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти пасандоздор;
Шартномаи пасандози бонкӣ;
Ваколатнома, агар аз номи пасандоздор намояндаи қонунӣ муроҷиат намояд.
1.Ташкилоти қарзиеро, ки мехоҳед дар он пасандоз гузоред омӯзед
Боварӣ ҳосил намоед, ки ташкилоти қарзие, ки дар он Шумо мехоҳед пасандоз гузоред узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад ва дорои Тасдиқномаи узвият дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аст.2. Маълумоти шартномаи пасандозиро аз назар гузаронед
Бо диққат бинед, ки ному насаб, маълумоти шиноснома, суроға ва рақами телефон дар шартномаи пасандозӣ дуруст дарҷ гардидааст ва ҳамеша ба ташкилоти қарзӣ оиди тағйиротҳои ба амал омада маълумот диҳед, то ин ки ҳангоми пардохти ҷубронпулии суғурта бо Шумо бо осонӣ тамос гиранд. Аз ташкилоти қарзӣ оиди суғурта шудани пасандозҳои худ дар Хазина маълумот дархост намоед.3. Дар хотир гиред, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзӣ
пасандоздор ҳуқуқ дорад;
пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ;
4. Хавотир нашавед ва дар хотир доред
Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта кадом вақте, ки ба Шумо муносиб аст муроҷиат намоед – барои ин як сол доред. Агар имконият бошад рӯзи аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб накунед – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:
– агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;
– дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.
Мухлати пасандоз 7 руз
Фоизнокии пасандоз 7% солона
Срок вклада 30 дней
Фоизнокии пасандоз 10% солона